Дар минтакаи махсус чудошудаи Точикистон дар Намоишгохи Байналмилалии “Гулфуд” дар Дубай намояндагони 11 корхонаи коркарди мевахои хушк махсулоти худро муаррифи намуданд.

Иштирок дар ин чорабини ба ширкатхои ватани имконияти беназире фарохам меорад, ки молхои худро намоиш диханд, робитахои кори баркарор намоянд ва дурнамои хамкорихои тичоратиро мухокима намоянд, инчунин бо тамоюлхои нави бозор дар минтака шинос шаванд, хабар медихад палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Точикистон
Намоишгохи байналмилалии гизо ва нушокихои “Gulfood 2025” 17 феврал дар шахри Дубай огоз ёфта, то 21 феврал идома меёбад. Дар ин чорабинии бузург беш аз 5500 ширкат аз 130 кишвари чахон ширкат мекунанд ва шумораи интизории мехмонон такрибан 100 хазор нафарро ташкил медихад.
Махсулоте, ки аз чониби ширкатхои коркарди мевахои хушки точикистон пешниход шудааст, аз иштирокчиён ва мехмонони намоишгох бахои баланд гирифт.
Намоишгохи “Gulfood Dubai” хамасола баргузор мешавад ва яке аз бузургтарин дар чахон дар сохаи саноати хуроквори мебошад. Он иштирокчиён, мутахассисони пешрафта ва харидоронро аз тамоми чахон барои мубодилаи гояхо, густариши робитахои кори ва ташкили хамкории стратеги чалб мекунад.
Ширкатхои точик инчунин дар мизхои мудаввар, машваратхои тичорати ва вохурихо ширкат меварзанд, ки дар онхо дар бораи тамоюлхои навини соха маълумоти муосир мегиранд. Ин ба онхо кумак мекунад, ки талаботи бозор ва истеъмолкунандагонро бехтар дарк кунанд, инчунин ракобатпазирии худро афзоиш диханд ва самтхои нави рушдро пайдо кунанд.
АКСХО: палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Точикистон