Москва, 02 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Истехсолкунандагони шароб ва нушокихои спиртии фаронса пас аз карори ИМА оид ба чори намудани бочи 15 дарсадии спирти аврупои ба талафоти чидди омода мешаванд.

Федератсияи содиркунандагони шароб ва нушокихои спирти Фаронса (FEVS) тахмин мезанад, ки ин соха метавонад то як миллиард евроро аз даст дихад ва хачми фуруш дар бозори амрико такрибан чоряк кохиш ёбад.
Тарофахои нав аз санаи 7 август эътибор пайдо мекунанд ва ба махсулот, аз чумла шампан ва машруботи спирти таъсир мерасонанд. Президенти FEVS Габриэл Пикар хушдор дод, ки таъсири он бо суст шудани курби доллар афзоиш меёбад:
“Таъсири мачмуи метавонад ба кохиши фуруш 25% оварда расонад.”
Кохиши содирот бевосита ба такрибан 600 хазор чойхои кори дар сохаи шароби Фаронса таъсир мерасонад.
Дар айни хол, комиссияи Аврупо изхор дошт, ки гуфтушунидхоро бо Вашингтон идома медихад, аммо истиснохо барои махсулоти шароб хануз ба даст наомадаанд. Максим Тубарт, хамраиси кумитаи фаронса оид ба шампан, хотиррасон намуд:
“ИМА бозори стратеги барои саноати шароби фаронса, бахусус шампан аст.”
Аксхо: Reuters