Дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як рох” дар шахри Гуанчжоуи Чумхурии Мардумии Чин конфронси байналмилали оид ба табодули академики байни донишгоххои Чин ва кишвархои хоричи баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгохи Байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон иштирок намуданд.

Ректори донишгох, профессор Убайдулло Асрорзода, дар бораи густариши хамкори баромад намуд. Рохбарияти донишгох бо намояндагони муассисахои таълимии Чин ва дигар кишвархо дар формати 1:1 вохурихо доир намуд.
Дар вохурихо масъалахои мубодилаи академии донишчуён ва омузгорон, гирифтани стипендияхои таълими, иштироки донишчуён дар курсхои забономузи, лагерхои зимистона ва тобистона, инчунин татбики чорабинихо ва лоихахои муштарак мухокима намуда шуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода