Хайати парлумонии Точикистон дар мулокоти ВКХ-и Русия бо раисони СААД ширкат варзид
Санаи 7 феврал мулокоти Вазири корхои хоричии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо раисони кумитахои (комиссияхои) парлумонхои давлатхои аъзои Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи (СААД), инчунин сафирони давлатхои аъзои Созмон, ки дар он хайати Точикистон низ иштирок намудааст, баргузор гардид.

Тавре Сафорати Точикистон дар Москва хабар медихад, иштирокчиени мулокот натичахои асосии хамкорихои бисерчонибаро дар шакли СААД барраси намуда, вазифахои калидии тахкими минбаъдаи хамкорихои байнипарлумони ва хамохангсозии сиёсати хоричиро дар доираи Созмон муайян намуданд.
Дар баробари ин, оид ба масъалахои мубрами амнияти байналмилали ва минтакави табодули афкор сурат гирифт.
АКСХО: Сафорати Точикистон дар Русия