Хамкори дар сохаи сайёхи байни Тошканд ва Хучанд таквият меёбад – ИА Караван Инфо
Хамкори дар сохаи сайёхи байни Тошканд ва Хучанд таквият меёбад

Интизор меравад, ки дар охири мохи феврали соли равон намояндагони хукумати шахри Тошканд ва рохбарони марказхои сайёхии Тошканд барои омухтани иктидори сайёхии он ба Хучанд ташриф оранд.

Ин ташаббус дар мулокоти сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон дар Узбекистон Абдучаббор Рахмонзода бо Муовини хокими шахри Тошканд Санчар Точиев барраси шуд.

Гайр аз ин, муовини хокими шахри Тошканд омодагии худро барои густариши хамкори изхор намуда, пешниход намуд, ки бо Хучанд робитахои дустона баркарор намуда, бо марказхои сайёхии он шинос шаванд. Чонибхо дар ин масъала ба мувофика расиданд.

Зимни мулокот хамчунин омодаги ба тахкими хамкори дар сохаи сайёхи ва афзоиши шумораи сайёхоне, ки ба Тошканд ва Душанбе ташриф меоранд, иброз гардид.

АКСХО: Сафорати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Узбекистон

error: