Хамкории байни Вилоятхои Хатлон ва Ленинград ба сатхи нав мебарояд  – афзалият ба саноат, инноватсия ва сармоягузори дода мешавад – ИА Караван Инфо
Хамкории байни Вилоятхои Хатлон ва Ленинград ба сатхи нав мебарояд  - афзалият ба саноат, инноватсия ва сармоягузори дода мешавад

Душанбе, 27 июн, – АИ «Караван инфо». Хайатхои Вилояти Хатлони Точикистон ва Вилояти Ленингради Русия талошхои худро барои амиктар намудани хамкори дар сохаи саноат, иктисод, илм ва фарханг тасдик намуданд.

Музокирот 24 июн бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко баргузор шуд. Дар ин бора Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар вохури дурнамои густариши хамкорихои саноати, табодули тачриба дар сохаи инноватсия ва рушди робитахои кори байни минтакахо барраси гардид.

Кайд намуда шуд, ки Вилояти Хатлон хамасола беш аз 2 миллион тонна сабзавот ва мева, 100 хазор тонна пахтаи хом ва такрибан 2 миллион тонна пуст истехсол мекунад. Аммо имруз хиссаи сармоягузории русия ба иктисодиёти вилоят аз 10% зиёд нест.

Хамчунин, мулокоти алохидаи Давлатали Саид бо Муовини сардори департаменти сиёсати саноати ва инноватсияи Кумитаи рушди иктисодии вилояти Ленинград Константин Загайнов баргузор шуд.

Чонибхо ба идомаи хамкории устувор, табодули карорхои технологи, густариши робитахои тичорати ва татбики лоихахои муштараки сармоягузори изхори манфиатдори намуданд.

АКСХО: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Хатлон

error: