Хамкори дар сохаи саноати сайёхи, аз чумла истехсол ва фуруши армугонхои сайёхи бо унсурхои милли дар мулокоти Раиси Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Чамшед Чумахонзода бо Раиси минтакаи озоди иктисодии чазираи Киши Чумхурии Исломии Эрон Мухаммадчаъфар Кабир барраси гардид.

Зимни мулокот Чамшед Чумахонзода кайд намуд, ки ба шарофати сиёсати Дархои кушодаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва дар доираи сиёсати Президенти Точикистон Эмомали Рахмон муносибатхои сайёхи бо Чумхурии Исломии Эрон дар мархилаи рушд карор доранд.
Ин хамкори барои тахкими минбаъдаи робитахо дар сохаи хама намудхои сайёхи байни ду кишвар, ки забон ва фарханги муштарак доранд, чалби сармоягузорони эрони ба сохаи сайёхи ва афзоиши шумораи сайёхон аз харду чониб заминаи мусоид фарохам меорад.
Мулокоти чонибхо дар доираи намоишгохи Байналмилалии сайёхи ва сохахои марбут ба саноат дар Техрон “Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition”, ки то 14 феврали соли чори дар Техрон баргузор мешавад, гузаронида шуд.
Аксхо: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон