Хатлон дар Алмато: беш аз 900 тонна маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ шуд – ИА Караван Инфо
Хатлон дар Алмато: беш аз 900 тонна маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ шуд

Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳи бузурги маҳсулоти вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он 950 тонна маҳсулоти тозаву экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ пешниҳоди сокинону меҳмонон гардид.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ маҳсулоти гуногун ба намоиш гузошта шуд: харбузаю тарбузи машҳури хатлонӣ, навъҳои зиёди ангур, сабзавоту меваҳои тару тоза, хушк ва консервашуда, асал ва дигар номгӯи маҳсулот. Ин маҳсулот таваҷҷуҳи махсуси меҳмонони шаҳри Алматоро ҷалб намуд.

Тибқи арзёбии масъулон, ин чорабинӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон буда, ба ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони нави ҳамкор мусоидат кард. Он инчунин заминаи афзоиши минбаъдаи гардиши савдои ду кишварро фароҳам меорад.

Дар доираи намоишгоҳ мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алмато Марат Султонгазиев баргузор шуд. Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди робита дар бахшҳои тиҷорат, илм, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаи Fruit Art шинос шуд, ки бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба коркарди мева машғул аст.

Корхона дорои яхдонҳои замонавии 3-ҳазортонагӣ ва анбори нигоҳдории 15-ҳазортона мебошад ва ба 420 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Аз рӯи ҳаҷми коркарди мева дар шароити яхдон, Fruit Art яке аз се корхонаи пешсафи ҷаҳон ба шумор меравад.

АКС: аз манбаъҳои боз

error: