ХФА террористеро, ки таркишхоро дар синагога ва метрои назди москва ба накша гирифта буд, нобуд намуд – ИА Караван Инфо
ХФА террористеро, ки таркишхоро дар синагога ва метрои назди москва ба накша гирифта буд, нобуд намуд

Кормандони хадамоти федеролии амнияти Русия террористеро, ки мехост дар яке аз синагогахои Вилояти Москва ва истгохи метрои пойтахт таркишхо ба амал орад, нобуд намуданд. Дар ин бора Маркази робитахои чамъиятии ХФА хабар дод.

“Хангоми боздошт чинояткор ба кормандони ХФА-и Русия муковимати мусаллахона намуд ва дар натича аз оташи чавоби безарар намуда шуд”, — гуфта мешавад дар изхороти идора.

Тибки маълумоти хадамоти махсус, террористи бархамдодашуда шахрванди Русия ва зодаи яке аз кишвархои Осиёи Маркази буд. Вай иктишоф гузаронида, чузъхои заруриро харид ва ният дошт, ки дастгоххои таркандаи худсохтро дар муассисаи ибодатии яхудиён ва метрополитен дар Москва тарконад. Пас аз хамлахо у ният дошт, ки ба Афгонистон равад, то ба созмони байналмилалии террористи хамрох шавад.

Хангоми кофтукови манзили у як таппонча, чузъхои сохтани бомба, инчунин телефон бо мукотибот ва дастурхо барои сохтани дастгохи тарканда ёфт шуд. Видеои боздошт ва далелхои ёфтшударо ХФА нашр намудааст.

Бахши тафтишотии раиси ХФА-и пойтахт парвандаи чиноятиро дар бораи омодаги ба хамла ва иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористи огоз намуд.

Рохбари департаменти Федератсияи чамоатхои яхудии Русия оид ба хамкори бо макомоти хифзи хукук, раввин Аарон Гуревич тасдик намуд, ки хамлагар дар яке аз синагогахои назди Москва хамларо ба накша гирифтааст, аммо мушаххас нанамуд, ки дар кадом синагога.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: