Дар Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон чаласаи Шурои хамохангсозии Байнисохави бахшида ба татбики “Барномаи Давлатии рушди гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2022-2027” баргузор гардид.

Дар суханронии худ муовини Вазири тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли Зулфия Абдусамадзода таъкид намуд, ки гизои солим яке аз омилхои асосии рушди миллат ва некуахволии тамоми ахоли мебошад. Барномаи мавриди назар барои бехтар намудани саломатии кудакону наврасон тахия ва тасдик гардида, яке аз афзалиятхои асосии сиёсати ичтимоии Хукумати Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад.
Илова бар ин, хуроки мактаби хамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани иштироки мактабхои ибтидои эътироф шудааст. Дар чараёни чаласа иштирокчиён роххои халли мушкилоти мавчуда, аз чумла масъалахои таъмини гизои солим ба мактаббачагонро барраси намуданд.
Аксхо: Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии Ахолии Чумхурии Точикистон