Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо. Дар Точикистон ба руйдоди бузурги маънави – 700-солагии Хофизи Шерози, шоири барчастаи газалшинос, файласуф ва овозадори мухаббат, ки шеърхояш хафт аср боз рухи инсонро равшан мекунанд, омодаги мегиранд. Тибки Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон аз санаи 2 январи соли 2025, мохи сентябри соли равон дар саросари кишвар чорабинихои фарханги ва маърифати бахшида ба чашни шоири бузург баргузор мешаванд.

Хофиз шоирест, ки каломи у асрхо нафас мекашад. Вай на танхо дар калби мардуми форсу точик, балки дар фарханги чахони низ зиндаги мекунад. Шеърхои у Пушкинро илхом бахшиданд ва Гёте уро “Офтоби шеъри Шарк” номида, таъкид намуд: “Ман – танхо мохе хастам, ки нури уро инъикос мекунад”.
Санаи 6 майи соли чори дар осорхонаи Миллии Точикистон намоишгохи байналмилалии “Ёддошт дар бораи Хофиз” баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 40 асари рассом ва хайкалтароши машхури олмони Гюнтер Юккер намоиш дода шуд. Дар байни онхо – хайкалхои биринчии рамзи «Китоб – болишт» ва «Нон», ки дар замонхои гуногун бо таъсири шеъри Хофиз сохта шудаанд.
Профессор Юккер, ки солхои зиёд аз эчодиёти Хофиз илхом гирифта буд, каблан силсилаи “Еддошти Хофиз” – и худро дар Шероз, Техрон ва Дюсселдорф пешниход намуда буд. Ин асархо шеърро ба тачрибаи зиндаи фарханги табдил медиханд, ки берун аз матн аст.
Киностудияи давлатии “Точикфилм” ба наворбардории филми хуччатии хаёт ва мероси Хофиз шуруъ намуд. Таваччух на танхо биографияи у, балки гояхои универсалии мухаббат, гуманизм, тахаммулпазирии дини ва рахои аз фанатизм мебошад. Ин гояхо аз харвакта бештар ба чахони зиддиятхо ва бухрони рухони дахл доранд.
Шеъри Хофиз бо анъанаи мусикии шарки, алахусус бо шеъри мусикии точики – «Шашмаком» робитаи амик дорад. Газалхои у на танхо шоирон, балки охангсозон, ичрокунандагон, мутафаккирони хама давру замонро низ илхом бахшиданд.
Чашни 700-солагии Хофиз на танхо чашни шоири бузург аст, балки бозгашт ба сарчашмахои рухони, тасдики арзишхои абади ва сабаби фахмидани робитаи мо бо фарханги Шарк аст. Номи Хофиз ифтихори мардуми точик аст ва каломи у нурест, ки рохи худшиноси ва хикматро равшан мекунад.
АКСХО: маркаи почта бахшида ба Солгарди Шерози