Раисони шахрхои ду шахри калонтарини Испания бо суханрони дар парлумони Аврупо ба халли мушкилоти манзил равишхои гуногун пешниход намуданд. Хосе Луис Мартинес-Алмейда, шахрдори Мадрид, ба сохтмони оммави такя намуд, дар холе ки хамкораш аз Барселона Жауме Колбони чонибдори назорати шадиди бозори ичораи кутохмуддат буд.

“Халли мушкилот афзоиши пешниход ва эчоди эътимоди хукуки барои сохибон ва риэлторхо мебошад. Ин барои пешгирии истикомати гайриконуни ва хавасмандгардонии сохтмони манзилхои ичтимои кумак хохад намуд” гуфт Мартинес — Алмейда.
Колбони, дар навбати худ, таъкид намуд, ки Барселона ба химояи хукуки манзил афзалият медихад, на ба истифодаи тичоратии он. Вай инчунин, яке аз имзогузорони мурочиатнома ба Комиссияи Аврупо мебошад, ки аз у хохиш мекунад, ки танзими бозори ичораро таквият дихад.
“Дар бисёр шахрхо байни хукуки манзил ва хукуки истифодаи сайёхии он ихтилоф вучуд дорад. Мо тасмим гирифтем, ки аввалинро химоя кунем ” гуфт шахрдори Барселона.
Дар Комиссияи Аврупо бори аввал вазифаи комиссари манзил таъсис дода шуд ва шахрдорони шахрхои аврупо даъват мекунанд, ки бо муниципалитетхо муколамаи мустаким баркарор намуда шавад. Тибки маълумоти “Евростат”, соли гузашта дар шаш кишвари Иттиходи Аврупо болоравии нархи манзил аз 10% зиёд шуд, ки зарурати андешидани чорахоро дар сатхи Иттиходи Аврупо афзоиш медихад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода