Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 41 ҳазор нусхаи китобҳои камистифодашаванда ва нодир маҳфуз аст, ки ҳар кадоми онҳо ҳамчун фонди мустақили арзишманд ва ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус ба НИАТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд ва нақши махсуси шуъбаи депозитариро таъкид намуданд.

Шуъбаи депозитарӣ яке аз воҳидҳои муҳими сохтории Китобхонаи миллӣ буда, вазифаи нигоҳдории дарозмуддати нашрияҳоеро бар уҳда дорад, ки бо сабабҳои гуногун дар гардиши фаъоли хонандагон қарор надоранд. Фонди ин шуъба аз китобҳои камистифодашаванда, асарҳои нодири илмӣ ва нусхаҳои зиёдатии осори дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ иборат аст. Давраи нашри маводҳои фонди мазкур солҳои 1700 то 2015-ро дар бар мегирад, ки ин имкон медиҳад рушди андешаи илмӣ ва гуманитарӣ дар тӯли зиёда аз се аср мавриди омӯзиш қарор гирад.
Қисми махсусан арзишманди фондро китобҳое ташкил медиҳанд, ки бо имзои шахсиятҳои маъруф ба китобхона ҳадя шудаанд ё худ аз ҷониби онҳо мутолиа гардидаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи депозитарӣ нусхаи китоби Садриддин Айнӣ, ки соли 1923 дар чопхонаи шаҳри Тошканд ба табъ расидааст, маҳфуз мебошад.
Фонди шуъбаи депозитарӣ маводи гуногуни чопиро — китобҳо, маҷаллаҳо ва варақаҳои тасвирӣ (гравюраҳо)-ро фаро мегирад. Аз лиҳози мазмун онҳо ба нашрияҳои камистифодашаванда мансуб буда, ҳамзамон дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд. Ба ин гурӯҳ натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (экспедитсияҳо), осори олимони маъруфи ҷаҳон, ҳамчунин нашрияҳои маълумотӣ — энсиклопедияҳо, луғатҳо ва дастурҳои фарҳангшиносӣ дохил мешаванд.
Бояд зикр кард, ки маводҳои фонд бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пешниҳод гардида, матнҳои тоҷикӣ ҳам бо хатти лотинӣ ва ҳам бо хатти кириллӣ нашр шудаанд. Ин ҳолат таърихи мураккаби анъанаи забонӣ ва хаттии минтақаро инъикос намуда, фонди мазкурро барои таҳқиқоти байнисоҳавӣ аҳамияти хос мебахшад.
Ба андешаи коршиносон, чунин коллексияҳои депозитарӣ аҳамияти стратегӣ доранд, зеро онҳо ҳифзи мероси зеҳниро таъмин намуда, заминаи кашфиётҳои илмии ояндаро фароҳам меоранд ва хотираи устувори фарҳангии ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Аз ин рӯ, фонди депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо махзани китобҳо, балки як ниҳоди муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон
