Душанбе, 30 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун иштирокчии фаъоли ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор ва ҳамкориҳои башардӯстона пайваста таҳким мебахшад. Қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси Тоҷикистон далели навбатии эътирофи нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор намуд. Сарвари давлат таъкид кард, ки ин қатънома 12 декабри соли ҷорӣ қабул гардида, нишонаи дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар Паём ҳамчунин зикр шуд, ки дар соли 2025 Тоҷикистон дар доираи татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» раёсати нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро ба уҳда дошт. Ин чорабинӣ ба баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба амнияти обӣ ва рушди устувор бахшида шуда буд.
Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Ин санад иродаи кишварро ҷиҳати истифодаи технологияҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа инъикос менамояд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Парижро нишонаи эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ идомаи мантиқии сиёсати пайвастаи Тоҷикистон дар самти тарғиби ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Дастгирии ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз болоравии нуфузи кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
