Карори Президенти 47-уми ИМА Доналд Трамп дар бораи бозпас гирифтани кишвар аз созишномаи иклими Париж дар иттиходи Аврупо интикоди васеъ ба бор овард. Ин икдом дар форуми чахонии иктисоди дар Давос ва дар Парлумони Аврупо дар Брюссел барраси шуд.

Вакили Парлумони Аврупо аз хизби халкии Аврупо Дэвид Макалистер кайд намуд, ки хуручи ИМА аз созишнома ба талошхои глобалии мубориза бо тагйирёбии иклим мухолиф аст:
“Мо инро пешрафт намешуморем, зеро мубориза бо тагйирёбии иклим як вазифаи умуми аст ва мо хама дар як каик хастем.”
Маъмурияти Трамп ният дорад, ки истихрочи нафту газро афзоиш дихад ва афзалиятхои экологии онро зери шубха гузорад. Ин карор, ба андешаи вакилони Парлумони Аврупо, расидан ба хадафхои созишномаи Парижро, ки ба махдуд намудани гармшавии глобали то 1,5 дарачаи Селсий равона шудааст, мушкил мекунад.
Вакил Адам Билан аз фраксияи консерваторхо ва ислохотгарони Аврупои бар ин назар аст, ки ин ходиса метавонад Иттиходи Аврупоро водор кунад, ки “паймони Сабз”-ро аз нав дида барояд, то хавасмандии экологиро бо рушди иктисоди омезиш дихад: “барои аксари демократхои сабз, сотсиал-демократхо ва демократхои масехи ин нишонаи тагйири стратегия аст”.
Маълумоти соли 2024 тасдик мекунад, ки соли гузашта гармтарин дар таърихи мушохидахо буд. Вакили Тонино Пикула аз фраксияи Сотсиал-демократхо зарурати муносибати чиддии Иттиходи Аврупоро таъкид намуд:
“Чи гуна чаноби Трамп накша дорад, ки бо падидахое ба мисли шамолхои Санта Ана, ки Лос-Анчелесро хароб намудаанд, мубориза барад, агар у аз хама созишномахои иклими берун ояд? Мо бояд холо амал кунем.”
ИА мекушад, ки пешсафиро дар мубориза бо тагйирёбии иклим тавассути баррасии хадафхои худ дар доираи “паймони Сабз” ва муайян намудани руйхати иттифокчиён барои рушди устувор нигох дорад.
Аксхо: Pixabay.com / marcinjozwiak