Кишвархои Иттиходи Аврупо бастаи нави тахримхои 16-умро алайхи Русия мувофика намуданд. Тавре манбаъхо дар байни дипломатхо хабар медиханд, 13 бонк, 73 киштии ба истилох “флоти сояви” барои содироти нафт ва инчунин алюминийи ибтидои зери махдудият карор гирифтанд.

Манъи воридоти алюминийи русия ба Иттиходи Аврупо ба металлхои хом дахл дорад, ки 85% хачми умумии интиколро ташкил медихад. Каблан ИА аллакай махдудиятхои симхои алюминий, фолга ва кубурхои русияро чори намуда буд. Воридоти ин металл дар ИМА ва Бритониё низ манъ аст. Дар солхои охир, хиссаи интиколи он дар ИА кохиш ёфтааст, аз 19% дар соли 2022 то 6% дар нух мохи аввали соли 2024.
Илова бар ин, тахримхо манъи фуруши консолхои бози, джойстикхо, симуляторхои хавопаймои, як катор кимиёви, инчунин хидматрасонии корхонахои коркарди газ ва нафтро дар Русия дар бар мегиранд. Ба руйхати тахримхо 48 нафар шахсони вокеи ва 35 нафар шахсони хукуки илова намуда мешаванд, ки Иттиходи Аврупо онхоро дар мусоидат ба идомаи амалиёти чанги айбдор мекунад.
Москва исрор меварзад, ки тахримхои гарби бекор намуда шаванд, зеро онхо гайриконуни ва бесамар хисобида мешаванд. Кремл таъкид намуд, ки тахримхо ба музокироти эхтимолии Русия ва ИМА оид ба халли низоъ дар Украина таъсир намерасонанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода