ОСТОНА, 05 ноябр АИ «Караван Инфо». Дар заминаи донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н. Гумилев филиали институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (ИДМБМ) ба кор шурӯъ намуд. Аввалин 103 донишҷӯ аз дасти вазири илм ва таҳсилоти олии ҶҚ Саясат Нурбек ва ректори ИДМБМ Анатолий Торкунов чиптаҳои донишҷӯӣ гирифтанд.

Филиал бо қарори комиссияи Байниҳукуматии Қазоқистон ва Русия таъсис дода шудааст ва майдони нав барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ гардид. Таҳсил аз рӯи барномаҳои бакалавриат ва магистратура дар соҳаи иқтисод, энергетика ва идоракунии ҷаҳонӣ бо иштироки омӯзгорони Қазоқистон ва Русия гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи директори филиал Артем Малгин, як қисми таҳсил дар Маскав сурат мегирад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки таҷрибаи ҳамкории байналмилалии академикиро ба даст оранд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода
