Дар идомаи сафари кори ба Вилояти Сугд Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар Бустон маркази табобатию ташхисии “Лукмони Хаким”-ро ба истифода дод.

Дар Марказ шуъбахои неврология, намудиология, гастроэнтерология ва урология чойгиранд, ки дар онхо табибони баландихтисос, ки сертификатхои байналмилали, хамширахои ботачриба ва кормандони миёнаи тибби доранд, дар мачмуъ 50 нафар фаъолият мекунанд.
Дар маркази табобати-ташхисии “Лукмони Хаким” кабинетхои дандонпизишки, ултрасадои, инчунин кабинетхои томографияи компютери, рентген, массаж ва дорухона мавчуданд. Кормандони Марказ бо истифода аз тачхизоти муосири сохави рентгени раками, озмоишхои лаборатори ва косметологияи лазери мегузаронанд, дорухои баландсифатро истифода мебаранд. Маркази табобати-ташхиси метавонад дар як вакт ба 90 бемор хизматрасонии босифати тибби расонад.
Эмомали Рахмон инчунин корхонаи истехсоли пойафзолро ба истифода дод.

Технологияи корхона аз Чумхурии Мардумии Чин ворид намуда шудааст ва имкон медихад, ки дар як мох то 5 хазор чуфт пойафзол истехсол намуда шавад.
Дар корхонаи нави саноати дар шахри Бустон 20 нафар бо кори доими таъмин шуда, холо 50 намуди пойафзол истехсол намуда мешавад. Иктидори солонаи корхона то 60 хазор чуфт пойафзоли мардона ва кудаконаи андозахои гуногунро ташкил медихад.

Дар оянда дар мархилаи дуюми корхона ба накша гирифта шудааст, ки истехсоли таги пойафзол ва васеъ намудани иктидорхои истехсоли ба рох монда шавад.

Самтхои асосии фаъолияти корхонаи Фаръии дузандагии тилло, заргари ва омузиши касбии “Зари Сугд” заргари, дузандагии либос, колинбофии дасти ва истехсоли пойафзол мебошанд. Хангоми пешниходи махсулоти корхона, Сарвари давлат диккати коргарон ва мутахассисонро ба истехсоли босифати ракобатпазир чалб намуд.

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба фаъолияти корхона оид ба истехсоли плёнкахои полиэтилени, корхонаи пойафзол огоз намуда, корхонаи паррандапарвариро ба истифода дод,


Президент Эмомали Рахмон Зимни сафари кори ба шахру нохияхои Вилояти Сугд дар чамоати Дехоти Исфисори нохияи Бобочон Гафуров муассисаи Давлатии “мактаби махсуси варзиши оид ба футбол” – ро ба истифода супорид.
Ин муассиса аз стадиони калон барои 7000 чойи нишаст, майдончаи варзиши, хучрахои кори, чойи либоспуши ва толори мачлисхо барои 40 нафар иборат аст.
Зимни сафари кори ба шахру нохияхои Истаравшан, Бустон, Бобочон Гафуров, инчунин дар доираи омодасозии минтака ба чашни 35-умин солгарди Истиклолияти Чумхурии Точикистон Сарвари давлат натичахои кори анчомдодашударо чамъбаст намуд.
У таъкид дошт, ки ба ифтихори ин руйдоди таърихи дар Вилояти Сугд сохтмон ва тачдиди 12 хазор иншооти таъиноти истехсоли ва ичтимои ба накша гирифта шудааст, ки аз онхо то имруз беш аз 8 хазору 200 иншоот ба истифода дода шудааст.
Пас аз суханронии Президент раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода ва рохбарони макомоти махаллии хокимият дар бораи рафти рушди ичтимоию иктисодии минтака ва омодаги ба чашни 35-солагии Истиклолияти Чумхурии Точикистон хисобот пешниход намуданд.
Дар анчоми мулокот Эмомали Рахмон ба сохибкорони Вилояти Сугд, ки дар корхои сохтмону ободони фаъолона иштирок менамоянд, изхори сипос намуда, изхори бовари намуд, ки сокинони вилоят ва тамоми Точикистон 35-солагии Истиклолиятро бо дастовардхои нав пешвоз мегиранд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон