Дар доираи татбики “Барномаи Давлатии сабзсозии Чумхурии Точикистон то соли 2040” дар Душанбе 500 нихоли дарахтони сузанбарг шинонда шуд.
Ташаббус дар хамкори бо Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва намояндаи Фонди Кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Точикистон амали намуда шуд.

Дар шинонидани нихолхо кормандони Кумитаи хифзи мухити зист, сокинони нохияи Шохмансур, чавонон ва намояндагони ЮНИСЕФ фаъолона иштирок намуданд. Максади ин ташаббус баланд бардоштани огохии чомеа дар бораи хифзи мухити зист ва хавасмандгардонии иштироки фаъолонаи шахрвандон дар талошхои давлати оид ба баркарорсозии чангалхо мебошад.
Корманди Кумитаи хифзи мухити зисти Чумхурии Точикистон Сайдахмад Акрампур ахамияти нихолхои ихтиёриро кайд намуд: “хар дарахти имруз шинондашуда ба некуахволии наслхои оянда хизмат хохад намуд. “Точикистони сабз” на танхо як барнома, балки як харакати милли барои рушди устувор ва хифзи мухити зист аст.
Чорабини дар доираи “Барномаи Давлатии сабзсозии Чумхурии Точикистон то соли 2040” баргузор гардид, ки тибки он то соли 2040 дар кишвар ду миллиард дарахт шинонида мешавад. Барнома ба васеъ намудани чангалхо, кохиш додани таъсири тагйирёбии иклим ва хифзи гуногунии биологи нигаронида шудааст.
Чунин ташаббусхо барои бехтар намудани сифати хаво, пешгирии эрозияи хок ва такмили экосистемаи шахр ахамияти калон доранд. Онхо на танхо ба хифзи мухити зист мусоидат мекунанд, балки барои чалби фаъолонаи шахрвандон дар халли масъалахои экологи низ заруранд.
АКСХО: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон