ИМА ва Русия масъалаи ба эътидол овардани кори намояндагихои дипломатиро дар Истамбул барраси намуданд – ИА Караван Инфо
ИМА ва Русия масъалаи ба эътидол овардани кори намояндагихои дипломатиро дар Истамбул барраси намуданд

Намояндагони ИМА ва Русия дар Истамбул дар мавриди ба эътидол овардани кори намояндагихои дипломати гуфтугу намуданд. Ба гуфтаи департаменти давлатии ИМА, чонибхо дар бораи кадамхои аввалини ба эътидол овардани вазъ ба мувофика расиданд ва робитахои навро ба накша гирифтанд.

“Дар як сухбати созанда харду чониб кадамхои мушаххаси аввалинро барои ба эътидол овардани кори дучонибаи намояндагихои дипломати муайян намуданд”, – гуфта мешавад дар изхороти вазорати сиёсати хоричии ИМА.

Масъалахои матрахшуда аз дастраси ба хидматрасонихои бонки, чалби коргарони шартномави ва нигох доштани сатхи кормандон дар сафорати ИМА дар Москва иборатанд.

Гуфтушунид бештар аз шаш соат давом намуд. То хол сана ва макони баргузории мулокоти навбати мушаххас нашудааст, вале Москва интизори идомаи муколама аст.

Каблан Сергей Лавров, Вазири умури хоричаи Русия изхори умедвори намуда буд, ки мулокот дар Истанбул ба мушаххас намудани то кучо тавони халли зуд ва муассир имкони халли мушкилоти чамъшуда мусоидат хохад намуд. Намояндаи расмии Вазорати корхои хоричии Русия Мария Захарова низ изхор дошт, ки Москва музокиротро огози як силсила машваратхои мушобех медонад.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: