Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “World Travel Market – 2025” муаррифӣ мегарданд – ИА Караван Инфо
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “World Travel Market – 2025” муаррифӣ мегарданд

Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои боз»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market – 2025”, ки аз 4 то 6 ноябр дар шаҳри Лондон баргузор мегардад, ташкил намудааст.

Дар доираи ин намоишгоҳ иқтидор ва имкониятҳои ғании сайёҳии Тоҷикистон — аз табиати нотакрору кӯҳистонӣ то мероси фарҳангиву таърихӣ — ба дӯстдорони саёҳат ва шарикони байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.

Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон барои меҳмонон ва ширкаткунандагони намоишгоҳ бартариҳои рақобатии кишвар ба таври муфассал пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, иқтидори табиии бой, имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ, намудҳои гардишгарии кӯҳнавардӣ ва варзишӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадима, инчунин меваҳои тару хушк ва обҳои мусаффо муаррифӣ гардидаанд.

Мақсад аз иштироки Тоҷикистон дар “WTM–2025” ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон, сармоягузорон ва операторони байналмилалӣ ба имкониятҳои воқеии кишвар ва таҳкими бренди сайёҳии “Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳо ва меҳмоннавозӣ” мебошад.

Намоишгоҳи “World Travel Market” яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи гардишгарии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар он намояндагони беш аз 180 давлат, 40 ҳазор ширкат ва меҳмонхона, инчунин мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Ин платформа ба намояндагони Тоҷикистон имконият медиҳад, то дар вохӯриҳои формати “B2B” (бизнес ба бизнес) ва “B2C” (бизнес ба муштарӣ) ширкат варзида, ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ баррасӣ ва таҳким бахшанд.

Дар намоишгоҳ як қатор ширкатҳои пешбари соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла «Шоҳтур», «Маркази солимгардонӣ ва рушди сайёҳӣ», «Боми ҷаҳон тур», «Расул тур» ва дигар ширкатҳои хизматрасони сайёҳӣ фаъолона ширкат доранд. Онҳо ба иштирокчиён пакетҳои нави саёҳатӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва маҳсулоти сайёҳии миллиро пешниҳод менамоянд.

Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии рушди гардишгарӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ ва тақвияти рақобатпазирии саноати сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳӣ ва муҳайё намудани муҳити мусоид барои сармоягузорӣ муҳим ва арзанда арзёбӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали намоишгоҳ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо як қатор намояндагони ширкатҳо, расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ, рушди ширкатҳои сайёҳӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, таҳияи кадрҳо ва рақамикунонии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ҳошияи ин чорабинӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар бораи табодули академӣ, такмили ихтисос ва татбиқи барномаҳои муштарак гуфтугӯ анҷом доданд.

Бо ҳадафи густариши бозорҳои нави сайёҳӣ Тоҷикистон ба таври мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, форумҳо, инфотурҳо, ҳамоишҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва дигар чорабиниҳои соҳавӣ иштирок мекунад. Ин иқдомҳо ба ташаккули имиҷи мусбати кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Намоишгоҳи “World Travel Market – 2025” барои Тоҷикистон на танҳо майдони таблиғотӣ, балки абзори муҳим барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.

Аксҳо: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон / Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Британияи Кабир

error: