Москва, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Кухнаварди рус Наталя Наговитсина, ки дар Авчи Пирузи дар Киргизистон чарохати вазнин бардоштааст, санаи 25 август аз кулла эвакуатсия намуда мешавад.
Тавре ки узви Федератсияи кухнавардии Русия Анна Пиунова хабар дод, пешгуи ягона рузи равшанро пеш аз ба охир расидани мавсим ваъда медихад, ки ба амалиёти начот имкон медихад.

Тибки маълумоти пешаки, аввал кухнавардон дронро ба махалли чойгиршави мефиристанд. Агар нишонахои хаёт ба кайд гирифта шаванд, онро бо чархболи сабуки зери идораи халабони итолиеви аз баландии такрибан 7200 метр бардоштан мехоханд. Вазифаи начотдихиро ширкати хусуси ташкил мекунад.
Наталья Наговитсина санаи 12 август хангоми поён рафтан аз кулла осеб дидааст ва пойро шикастааст. Кушишхои хамкоронаш барои кумак ба у бенатича буданд яке аз кухнавардон аз хунукшави ва илтихоби магзи сар фавтид. Рузи шанбеи санаи 23 август корхои чустучуи бо сабаби обу хаво катъ намуда шуданд. Дар хамин хол, дар ВАО хабархои тасдикнашуда дар бораи марги у пайдо шуданд. Макомоти дахлдори Киргизистон низ марги кухнавардро эълон намуданд.
Сардори лагери базавии “Инилчек Чануби” Дмитрий Греков бар ин назар аст, ки холо ба кухнавардон расидан кариб гайриимкон аст ва коршинос Александр Ишенко изхор дошт, ки рох ба ин чо танхо мохи июли соли 2026 кушода мешавад.
Тавре ки кухнавардон ва коршиносон кайд мекунанд харорат дар лагери пойгох аллакай то -23 паст шудааст ва дар боло он хеле пасттар аст.
Таърихи Наталия Наговитсина бори дигар масъалаи хатари сайёхии экстремали ва нархи амалиёти начот дар куххоро ба миён меорад.
Аксхо Аз шабакаи Ичтимоии Наговитсина / бойгони