Душанбе, 06 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатӣашро бо як қатор чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ва идона таҷлил мекунад. Чорабинии асосӣ ба ифтихори ин рӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳоло омодагӣ барои сафари Раиси ҷумҳур ба Кӯлоб ҷараён дорад, вале санаи дақиқи сафар ҳанӯз эълон нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе низ як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, чорабинии асосии ҷашнӣ рӯзи 9-уми сентябр соати 19:00 дар майдони «Истиқлол» баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ бо иштироки сарояндагон ва ҳунармандони маъруф намоишномаи театришуда пешкаш мегардад.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои пойтахт низ чорабиниҳои фарҳангӣ аз 5-уми сентябр оғоз шуда, то 8-уми сентябр идома мекунанд:
- Фирдавсӣ: 5-уми сентябр, соати 17:00, дар Боғи Фирдавсӣ.
- Исмоилӣ Сомонӣ: 5-уми сентябр, соати 18:30, дар Амфитеатри Аҳорун.
- Сино: 7 ва 8-уми сентябр, соати 17:00, дар Боғи Умари Хайём.
- Шоҳмансур: 6-уми сентябр, дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (майдони 800-солагии Маскав).

Дар рӯзҳои ҷашн воридшавӣ ба боғҳо барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ройгон аст. Ҳамчунин, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ чорабиниҳои сайругашти оммавӣ, консертҳо ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Боиси қайд аст, ки имсол сокинони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр – истироҳат мекунанд. Мувофиқи қонун, рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ҳамасола ин рӯз ҳамчун ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва имсол кишвар 34-солагии истиқлолиятро таҷлил мекунад.
Фото из открытых источников