Интервидение панч китъаро муттахид мекунад: иштирокчиёни озмун номбар шудаанд – ИА Караван Инфо
Интервидение панч китъаро муттахид мекунад: иштирокчиёни озмун номбар шудаанд

Москва, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ташкилкунандагони озмуни Мусикии Интервидение иштироки хунармандонро аз Кишвархои Аврупо, Осиё, Африко, Амрикои Чануби ва Амрикои Шимоли тасдик намуданд.

Дар бунёди “Таърихи санъат”, ки бо баргузории озмун машгул аст, таъкид намуда шуд, ки бори аввал дар як сахна ичрокунандагон аз кариб тамоми чахон чамъ меоянд, ки ин таваччухи глобалиро ба лоиха инъикос мекунад.

Тавре, ки ташкилкунандагон хабар доданд, даъватномахо ба кишвархои гуногун, аз чумла ИМА ва якчанд давлатхои аврупо фиристода шуданд. Аммо, на хама бо сабабхои дохили, набудани вакт барои омодаги ё чадвали серодами вазоратхои миллии фарханг иштирок намуда тавонистанд.

Имсол озмунро хунармандони Амрикои Чануби — Венесуэла, Колумбия ва Куба, инчунин мусикидорони Африко — Миср, Мадагаскар ва ЧАР намояндаги мекунанд. Хамин тарик, танхо шаш кишвари ин минтакахо зиёда аз чоряки тамоми хайати иштирокчиёнро ташкил медиханд.

“Барои мо нишон додани гуногунии фархангии чахони мухим аст. Аз ин ру, мо хунармандонро аз тамоми китъахо даъват мекунем”, — кайд намуданд ташкилкунандагон.

Дар айни замон иштирокро ичрокунандагони Белоруссия, Венесуэла, Ветнам, Миср, Хиндустон, Казокистон, Катар, Чин, Колумбия, Куба, Киргизистон, Мадагаскар, Русия, Арабистони Сауди, Сербия, ИМА, Узбекистон, Точикистон ва ЧАР тасдик намудаанд.

МАЪЛУМОТНОМА: Интервидение ин озмуни байналмилалии суруд аст, ки хамчун алтернативаи “Евровидение” таъсис дода шудааст. Дар солхои гуногун дар он ичрокунандагони кишвархои Аврупои Шарки ва Осиё иштирок намуданд.

Имруз лоиха рушди нав гирифт: он хамчун як майдони чахони барои намоиши гуногунии фарханги ва мусики чойгир намуда шудааст, ки дар он хунармандон аз гушахои гуногуни сайера анъанахои милли ва тамоюлхои муосири худро муаррифи мекунанд.

Аксхо: РИА Ахбор

error: