Интизорихои таваррумии ахолии Русия дар мохи феврал пас аз авчи 14% дар мохи январ то 13,7% кохиш ефт, маълумотхои пурсиши “инФОМ”, ки бо фармоиши Бонки Маркази гузаронида шудааст, шаходат медиханд. Ин аввалин кохиши нишондиханда аз мохи сентябри соли 2024 аст, вакте ки он аз 12,9% то 12,5% кохиш ёфт.

Дар айни замон, арзёбии таваррум, баръакс, то 16,5% — и сатхи хадди аксар аз мохи декабри соли 2023 афзоиш ёфтааст. Нигаронихои бештарро дар бораи болоравии нарххо русхо бе пасандоз изхор намуда, таваррумро 18,4% (дар мохи январ 17,5%) арзёби намуданд. Онхое, ки пасандозхо доранд, нишондихандаи хоксортарро 13,6% (пештар 15,4%) номиданд.
Раиси Бонки Русия Элвира Набиуллина каблан кайд намуда буд, ки интизорихои таваррум дар “сатхи хеле баланд” боки мемонанд ва ба вазъи иктисоди таъсири назаррас мерасонанд. Дар робита ба ин, Бонки маркази меъери калидиро дар сатхи 21% солона нигох медорад.
Пешгуихои тахлилгарон оид ба таваррум бадтар шуданд: акнун онхо интизоранд, ки дар соли 2025 он 6,8% (пештар 6% пешбини шуда буд), дар соли 2026 4,6% (дар мукоиса бо 4,5%) — ро ташкил медихад. Коршиносон танхо дар соли 2027 дастовардхои сатхи максадноки 4% – ро интизоранд. Худи Бонки Русия низ пешгуии худро барои соли 2025 ба чои 4,5–5% – и пешина то 7-8% боло бурд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода