Инвентаризатсия афзоиши хачми партовхои пластикиро дар Казокистон ошкор намуд – ИА Караван Инфо
Инвентаризатсия афзоиши хачми партовхои пластикиро дар Казокистон ошкор намуд

Дар Казокистон инвентаризатсияи васеи партовхои пластики дар давраи аз соли 2013 то 2022 дар доираи лоихаи минтакавии “Партовхои Пластики дар минтакахои дурдаст ва кухии Казокистон ва Узбекистон” гузаронида шуд. Лоиха, ки аз чониби Маркази “Мусоидат ба рушди устувор” бо дастгирии котиботи Конвенсияхои Базел, Роттердам ва Стокголм (BRS) бо иштироки Вазорати экология ва захирахои табиии ЧК амали намуда мешавад, ба чустучуи халли устувор дар сохаи идоракунии партовхо равона шудааст. Инвентаризатсия давраи аз соли 2013 то 2022-ро дар бар гирифт ва тахлили муфассали хачми истеъмоли пластики, таксимоти он аз руи бахшхо ва динамикаи ташаккули партовхоро пешниход намуд.

Натичахои инвентаризатсия афзоиши назарраси хачми махсулоти пластикии ба бозори Казокистон воридшавандаро нишон доданд. Дар ин давра хачми он аз 387 хазор тонна то 855 хазор тонна зиёд шуд, ки ин афзоиши 121,6% – ро ташкил медихад. Истеъмолкунандагони асосии пластики бахшхои бастабанди (беш аз 23% аз хачми умуми), сохтмон (19%) ва наклиёт (17%) мебошанд. Мавкеи пешбари бастабанди ба мухлати кутохи маводи бастабанди вобаста аст, хачми пластикии истифодашуда барои бастабанди дар соли 2022 такрибан 196 хазор тоннаро ташкил дод. Дар сохтмон пластики барои истехсоли маводи дарозмуддат, аз кабили кубурхо ва изолятсия (167 хазор тонна дар соли 2022) ва дар бахши наклиёт барои кам намудани вазни воситахои наклиёт истифода мешавад.

Дар баробари афзоиши истеъмоли пластики, хачми партовхои пластикии хосилшуда низ меафзояд. Дар соли 2022 ин нишондиханда ба 296 хазор тонна расид, ки аз сатхи соли 2013 ду баробар зиёд аст. Манбаи асосии партовхо бастабанди (66% аз хачми умуми) мебошад, ки бо истифодаи васеи бастабандии якдафъаина ва набудани системахои самараноки коркард алокаманд аст. Дигар сохахо, ба монанди сохтмон ва наклиёт, аз сабаби умри дарозтари махсулоти пластики партовхои камтар тавлид мекунанд. Полимерхои маъмултарин дар Казокистон полиэтилен (38%), полипропилен (23%) ва полиэтилентерефталат (14%) мебошанд, ки инчунин хиссаи асосии партовхоро ташкил медиханд.

Инвентаризатсия як катор мушкилотро ошкор намуд, ки ба идоракунии самараноки партовхои пластики монеъ мешаванд. Дар байни онхо инфрасохтори нокифоя, набудани системаи чамъоварии чудогонаи партовхо, сатхи пасти фарханги экологии ахоли ва номувозинати минтакави дар иктидорхои корнамуд. Дар асоси маълумоти гирифташуда тавсияхо тахия намуда шуданд, ки мунтазам гузаронидани инвентаризатсия, рушди инфрасохтор, чори намудани чамъоварии чудогонаи партовхо, гузаронидани маъракахои таълими ва такмили конунгузори мебошанд.

Аксхо: Вазорати экология ва захирахои табиии ЧК

error: