17 сентябри соли 2024 роҳбари ҳайати кишвар – муовини вазири саноат ва технологияҳои нав А.Назар дар 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ суханронӣ кард.
Зимни суханронӣ доир ба ҳамкориҳои дуҷониба бо АБНА дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла истифодаи сулҳҷӯёнаи фанновариҳои ҳаставӣ тибқи барномаҳои АБНА, тарҳҳои ҷорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, бахусус ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба эълон гардидани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ироа шуд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки АБНА ва кишварҳои узви он бо Тоҷикистон дар баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе фаъолона ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Гузашта аз ин, аҳаммияти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, корҳои анҷомшуда, мушкилот ва амалишавии иқдомҳои баъдӣ дар доираи Нақшаи стратегии умумии АБНА доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати кишвар бо узвияти Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок дорад.
Акс: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳрии Тоҷикистон