Иштироки сарони давлатхои Точикистон ва Киргизистон дар консерти кормандони санъат “Дустии Абади” – ИА Караван Инфо
Иштироки сарони давлатхои Точикистон ва Киргизистон дар консерти кормандони санъат "Дустии Абади"

Душанбе, 9 июл, АИ «Караван инфо». Санаи 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Чумхурии Киргизистон ба Чумхурии Точикистон дар толори тантанавии мачмааи Давлатии “Кохи Борбад” барномаи фархангии ходимони санъати Точикистон ва Киргизистон бо номи “Дустии Абади” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарханги Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Мехмони баланд — Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Жапаров иштирок намуданд.

Гузаронидани чунин чорабинихои фарханги идомаи анъанаи неки дусти, бародари ва хамсоягии нек, инчунин омили мухими рушд ва густариши робитахои хамачониба ба манфиати халкхои ду кишвар мебошад.

Консерти чолиби “Дустии Абади”, ки бо барномаи бой ва пурмазмуни устодони санъати ду давлат муаррифи гардид, инъикоси равшани дустии байни Халкхои Точикистону Киргизистон гардид ва дар фазои гарму хотирмон гузашт.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: