Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Қисми аввали кӯмаки башардӯстонае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осебдидагони заминларза ба Афғонистон фиристодааст, ба вилояти Нангарҳор расид. Ба иттилои Ariana News бо истинод ба манбаъҳои расмӣ, то имрӯз 9 адад аз 120 мошини боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона ба шаҳри Ҷалолобод ворид шудааст. Ҳаҷми умумии кӯмакҳо 3 000 тонна-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби кӯмакҳо маводи ғизоӣ, ашёи зарурии рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ҷой дода шудааст. Ин кӯмакҳо асосан ба хонаводаҳои зарардида дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар равона гардидаанд.
Дар маросими расмии супоридани кӯмакҳо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саид Шарифӣ ва муовини ҳокими вилояти Нангарҳор Азизулло Мустафо ширкат варзиданд. Ҷониби Афғонистон аз дастгирии саривақтии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
«Афғонистон ва Тоҷикистон — ду кишвари мусалмон бо арзишҳои муштарак ва робитаҳои наздиканд. Ҳеҷ марз наметавонад ин пайвандро канда кунад», — таъкид кард Азизулло Мустафо.
Бар асоси омори охирин, бар асари заминларзаҳои ахир зиёда аз 2 200 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 3 000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин ҳадди ақал 6 700 хона пурра ё қисман хароб шудааст.
Вазъияти мардуми осебдида, ки қисме аз онҳо дар минтақаҳои кӯҳии дурдаст бо инфрасохтори маҳдуд зиндагӣ мекунанд, бо наздикшавии фасли сармо ва паст шудани ҳарорати ҳаво нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон дар солҳои охир пайваста ба Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона мефиристад, ки ин на танҳо ҳамсоягӣ ва наздикии таърихии ду кишварро нишон медиҳад, балки ҳамзамон нақши онҳоро дар таъмини субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид менамояд. Фиристодани кӯмак дар муддати кӯтоҳ баъд аз офати табиӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Душанбе омода аст дар лаҳзаҳои душвор дастгирии ҳамсояи ҷанубии худро таъмин намояд.
АКС: Ariana News