МОСКВА, 08 августи соли 2025 – АИ «Караван инфо». Кабинети харби-сиёсии Исроил накшаи сарвазир Бинемин Нетаняхуро барои шикасти пурраи харакати ХАМОС дастгири намуд.
Ба гуфтаи мушовири у, артиш омода аст, ки Газзаро тахти назорат гирад, дар холе, ки ваъда медихад, ки ба сокинони осоишта берун аз минтакахои чанг кумаки башардустона мерасонад.

Хукумат панч принсипи асосии хотима додани низоъро тасдик намуд: безараргардонии ХАМОС, озод намудани хамаи 50 гаравгони бокимонда, гайринизоми намудани бахш, нигох доштани назорати исроил аз амнияти минтака ва таъсиси хукумати нави шахрванди, ки бо ХАМАОС ва маъмурияти миллии Фаластин алокаманд нест.
Ба гуфтаи мушовир, накшаи алтернативии ба вазирон пешниходшуда рад намуда шуд, зеро он наметавонад шикасти ХАМОС ва бозгашти асиронро кафолат дихад.
Пештар, рузи панчшанбе, Нетаняху ният дошт, ки муваккатан назорати пурраи Бахши Газзаро барои сохтани “периметри амнияти” таъсис дихад. Ба гуфтаи у, Исроил ишголи дарозмуддатро ба накша нагирифтааст ва пас аз муътадил шудани вазъ, идоракуни бояд ба рохбарияти нави шахрванди гузарад.
Ёдовар мешавем, ки 7 октябри соли 2023 ХАМОС дар каламравхои ишголшудаи Исроил амалиёт гузаронида, такрибан 1,2 хазор нафарро кушт ва беш аз 200 гаравгонро гаравгон гирифт. Дар посух Исроил амалиёти “шамшерхои Оханин” – ро огоз намуд, анклавро пурра мухосира намуд ва ба каламрави Газза зарба зад.
Дар чангхо такрибан 100 хазор фаластинихо кушта шуданд аз ин шумора кариб нисфи онхо кудакон ва занон мебошанд. Мунокиша ба Лубнон, Яман пахн шуд ва боиси табодули зарбахо байни Исроил ва Эрон шуд.
Аксхо: AP Photo
