Рузи сешанбе Исроил хуручи нерухоро аз дехахои чанубии Марзии Лубнон ба анчом расонид, тавре ки созишномаи оташбас бо Хизбуллох бо миёнаравии ИМА талаб менамуд. Аммо артиши исроил дар панч нуктаи стратегии каламрави лубнон хузур дошт.

Вазири мудофиаи Исроил Исроил Катс шарх дод, ки ин барои химояи чамоатхои шимоли аз вайронкунии эхтимолии оташбас зарур аст. Намояндаи артиш Надав Шошани илова намуд, ки чойгиркунии низомиён дар ин нуктахо “тадбири муваккати” мебошад, ки бо миёнаравхои байналмилали мувофика шудааст.
Макомоти Лубнон ин икдомро вайрон намудани созишнома номиданд. Президент, сарвазир ва раиси парлумони кишвар аз СММ даъват намуданд, ки барои хуручи пурраи нерухо ба Исроил фишор оварад. Дар изхороти рохбарияти Лубнон таъкид шудааст, ки хар гуна хузури нерухои исроили дар каламрави кишвар хамчун ишгол хисобида мешавад.
Гурухи “Хизбуллох” низ тарки нерухои исроилиро дар Лубнон махкум намуд ва тахдид кард, ки ба онхо чавоб медихад. Рахбари созмон Наим Кассем изхор дошт, ки “барои хузури онхо бахона вучуд надорад”.
Дар айни хол, нерухои мусаллахи Лубнон чузъу томхои худро дар минтакахои озодшуда чойгир намуданд ва дастахои махсус ба тоза намудани минахо ва баркарорсозии инфрасохтор шуруъ намуданд.
Дар айни хол, дар Бейрут ходисае бо иштироки чонибдорони “Хизбуллох” рух дод, ки ба як колоннаи нерухои Муваккатии СММ хамла намуданд. Макомоти Лубнон хамларо махкум намуданд ва беш аз 25 нафарро боздошт карданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода