Дар мархилаи аввали созишномаи оташбас, ХАМОС часадхои чор гаравгонро ба Исроил супурд. Тибки гузоришхо, часадхои 49-солаи Сахи Идан ва Охада Яхоломи, Исхак Элгарти 69-сола ва Шломо Мансури 85-сола баргардонида шуданд. Исроил часадхоро барои тасдики шахсияти онхо ба ташхиси суди фиристод.

Дар посух, Исроил беш аз 600 махбуси фаластиниро, ки карор буд рузи шанбеи гузашта озод намуда шаванд, озод намуд, аммо озодшави ба таъхир гузошта шуд. Хамчунин Исроил ба ХАМОС часади зани фаластиниро, ки каблан ба чои часади гаравгони исроили Шири Бибас нодуруст дода шуда буд, супорид.
Кисме аз фаластиниёни озодшуда ба Газза, кисми дигар ба сохили Гарбии Дарёи Урдун ва баъзеи дигар ба Миср фиристода шуданд.
Табодули охирин дар мархилаи аввали оташбас буд. ХАМОС аллакай изхор дошт, ки гаравгонхои бокимонда танхо пас аз расидан ба созишнома дар бораи катъи дарозмуддати амалиети чанги озод намуда мешаванд. Намояндагони гурух омодагии худро барои гуфтушунидхо дар мархилаи дуюм изхор намуданд, аммо мухлати огози онхо хануз мушаххас намуда нашудааст.
Чониби исроил дурнамои музокироти минбаъдаро шарх надод, аммо каблан сарвазир Бинемин Нетаняху изхор дошт, ки хадафи нихоии Исроил нобуд намудани ХАМОС ва пешгирии бозгашти у ба кудрат дар Газза аст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода