Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Сохаи дорусозии Точикистон рушди устуворро нишон медихад: тибки Маълумоти Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, 69 корхонаи ватани бо истехсоли зиёда аз 610 намуд ва 355 номгуи дорувори ва махсулоти тибби машгуланд.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии бахшида ба натичахои нимсола хабар дода шуд.
Дар мукоиса бо хамин давраи соли 2024, тавсеаи устувори истехсоли дорусози кайд карда мешавад:
- шумораи корхонахои амалкунанда ба 4 адад афзудааст;
- номенклатураи дорухо ва махсулот васеъ намуда шуд: ба 20 намуд ва 14 номгуй.
Дар шаш мохи аввали соли 2025 хачми истехсолот дар чумхури беш аз 45 миллион адад дорувори ва махсулоти тиббиро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 5 миллион адад зиёд мебошад.
Истехсолкунандагон ба коркард ва бастабандии ашёи хоми растании ватани диккати махсус медиханд – ин на танхо арзиши худро кохиш медихад, балки мустакилияти бозори дорусозии кишварро аз воридот таквият медихад.
Рушди фармасевти хамчун як кисми стратегияи таъмини амнияти дорувори ва ивазкунии воридот, инчунин ташкили чойхои нави кори барраси намуда мешавад.
АКСХО: вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли