Италия музокироти Украинаро дар Женева дастгири мекунад – ИА Караван Инфо
Италия музокироти Украинаро дар Женева дастгири мекунад

МОСКВА, 20 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Италия бар ин назар аст, ки Женева чои муносиб барои мулокоти эхтимоли барои халли низоъ дар Украина хохад буд. Дар ин бора ВКХ ва муовини сарвазири кишвар Антонио Таяни хангоми расидан ба Берн изхор дошт.

“Женева метавонад чои дуруст бошад, Италия чонибдори музокирот дар Женева аст”гуфт у.

Ба гуфтаи Таяни, Рум як варианти комилест, ки аз чониби ИМА, Украина ва дигар чонибхо дастгири намуда мешавад, аммо хузури суди Байналмилалии чинояти музокиротро мушкилтар мекунад.

“Ман бовари дорам, ки Женева чои бехтаре хохад буд” илова намуд вазир, ки суханони уро агентии Нова меорад.

Каблан президенти ИМА Доналд Трамп дар кохи Сафед Владимир Зеленский ва рахбарони КИ аврупоро кабул намуда буд, ки имкони мулокоти сечонибаи ояндаро бо иштироки Путин истисно нанамуд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ чонибдори баргузории мулокоти рохбарон дар Женева буд.

Женева одатан хамчун майдони бетараф барои гуфтушунидхои байналмилали барраси мешавад. Пештар дар ин шахр саммитхои калидии амнияти ва безараргардони баргузор мешуданд.

Масъалаи мулокоти Путин ва Зеленский дар заминаи низоъи давомдор дар Украина ва фишори байналмилали бо максади чустучуи роххои халли дипломати барраси мешавад.

Суди байналмилалии чинояти, дар навбати худ, барои Русия, ки салохияти онро эътироф намекунад, як унсури бахсбарангез боки мемонад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: