ITFC барои  истеҳсоли маҳсулоти ҳалол дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд – ИА Караван Инфо
ITFC барои  истеҳсоли маҳсулоти ҳалол дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд

Тақвияти  иқтидори содиротии кишвар зимни  вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордали баррасӣ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, Назим Нордали бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Завқӣ Завқизода имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишварро муаррифӣ намуда, аз Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дархост намуд, ки ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.

Дар навбати худ Директори асосии амалиёти Корпоратсия ҷаноби Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

error: