Иттиходи Аврупо истифодаи бифсенол А-ро дар бастахои хуроквори манъ намудааст – ИА Караван Инфо
Иттиходи Аврупо истифодаи бифсенол А-ро дар бастахои хуроквори манъ намудааст

Аз 20 январи соли 2025 дар Иттиходи Аврупо регламенти нав ба ичро даромад, ки истифодаи бисфенол А (BPA) – ро дар маводхои тамос бо махсулоти хуроквори манъ мекунад. Хадафи ин халли кохиш додани таъсири ин маводи кимиёви, ки вайронкунандаи маъруфи эндокрини аст, ба саломатии ахоли, аз чумла системахои репродуктиви ва эндокрини мебошад.

Бисфенол А дар истехсоли махсулоти пластики, аз кабили шишахои об, руйпушхо барои банкахо ва асбобхои ошхона васеъ истифода мешавад. Аммо, сарфи назар аз маъруфияти он дар сохахои гуногун, истифодаи бисфенол дар бастабандии хуроквори холо манъ аст.

Истифодаи бисфенол А дар истехсоли часпакхо, катронхо, резинхо, пластикхо, рангхои чопи, силиконхо, лакхо ва руйпушхо, ки метавонанд бо хурок ва нушокихо тамос гиранд, манъ аст. Ин чорахо пас аз хулосаи идораи Аврупо оид ба бехатарии озукавори (EFSA), ки дар соли 2023 тасдик намуд, ки BPA ба саломатии истеъмолкунандагони хама гуруххои синну сол, махсусан дар заминаи гизои пархези хатар дорад.

Сандра Чен, рохбари Барномаи Тандурусти ва кимиёви дар Alliance Health and Environment (HEAL) шарх дод:” Бисфенол А бо мушкилоти саломати, аз кабили саратони сина, ихтилоли асаб ва диабет алокаманд аст”.

Манъи истифодаи бисфенол А натичаи раванди тулонии илми ва сиёси буд. Бо вучуди он ки олимон дар тули зиёда аз дах сол ба манъи ин модда исрор намуданд, карори нихоии он танхо холо кабул шудааст.

Баъзе Созмонхои Гайридавлати умедворанд, ки Иттиходи Аврупо барои махдуд намудани истифодаи BPA дар дигар молхои истеъмоли, ба монанди бозичахо, чорахо меандешад. ИА инчунин кушиш мекунад, ки таъсири манъи дигар намудхои бисфенолро васеъ кунад, ки ин метавонад мархилаи навбатии мухим дар мубориза бо кимиевии ба саломати тахдидкунанда бошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: