Иттиходи Аврупо намояндаи нави Махсусро дар Осиёи Маркази таъин намуд. Ин дипломати 55-солаи Латвия Эдуард Стипрайс буд. Ваколати у аз 1 марти соли чори огоз мешавад.
Шурои Аврупо шарх дод, ки вазифаи Фиристодаи нави Махсуси ИА рушди муносибатхои байни ИА ва Кишвархои Осиёи Маркази дар асоси арзишхои муштарак, мусоидат ба тахкими субот ва хамкори байни кишвархои минтака, инчунин тахкими демократия, волоияти конун, идоракунии дуруст ва эхтироми хукукхои инсон ва озодихои асоси хохад буд.

“Дар хамкории зич бо намояндаи Олии ИА оид ба корхои хоричи, он инчунин самараноки ва огохии Иттиходи Аврупоро баланд мебардорад, аз чумла тавассути хамохангсозии наздиктар бо дигар шарикон ва созмонхои байналмилали, аз кабили созмони амният ва хамкори дар Аврупо ва Созмони Милали Муттахид”, кайд намуд Брюссел.
Эдуард Стипрайс дипломат латвия бо тачрибаи зиеди кори. Вай намояндаи доимии Латвия дар назди Иттиходи Аврупо ва муовини котиби давлати директори сиёсии Вазорати корхои хоричии Латвия буд. Аз соли 2016 то 2020 у намояндагии Иттиходи Аврупоро дар Чумхурии Узбекистон рохбари менамуд ва инчунин сафири Чумхурии Латвия дар Британияи Кабир ва Фаронса буд.
Илова бар ин, шурои Аврупо мандати Луиджи Ди Майоро хамчун намояндаи Иттиходи Аврупо дар минтакаи халичи Форс барои 2 соли дигар тамдид намуд.
Намояндагони Махсуси ИА сиёсат ва манфиатхои ИА-ро дар баъзе минтакахо ва кишвархо, инчунин масъалахои махсуси ИА пешбари мекунанд.
Аввалин намояндагони махсуси Иттиходи Аврупо соли 1996 таъин намуда шуданд. Дар айни замон, 11 намояндаи ИА кори Намояндаи Олии ИА оид ба корхои хоричи ва сиёсати амниятии Кайи Калласро дастгири мекунанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода