Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Краснодарск кормандони ХФБ ва ВКД фаъолияти гурухи омодакунандаи хамлахои террористи ва диверсияхоро бо супориши хадамоти махсуси украина катъ намуданд.
Дар миёни боздоштшудагон ду шахрванди Русия (соли таваллудаш 1992 ва 1996) ва зодаи яке аз Кишвархои Осиёи Маркази (соли таваллудаш 1998) дар Маркази робитахои чамъиятии ХФБ хабар доданд.

Тибки тафсири тафтишот, гумонбарон тавассути Telegram бо бахонаи “чустучуи даромади зуд” чалб намуда шуданд ва вазифаи оташ задани объектхои инфрасохтори наклиети ва телекоммуникатсиониро гирифтанд.
Яке аз кушишхо хамла ба шкафхои релеи дар минтакаи истгохи Варениковская ноком буд, осеб ба чадвали харакати каторхо таъсир накард.
Инчунин маълум шуд, ки фигурантхо ният доштанд, ки яке аз операторхои калони мобилиро оташ зананд, ки ин метавонад ба катъи оммавии алока оварда расонад. Барои ичрои вазифахо, хамлагарон интизор буданд, ки бо cryptocurrency пардохт мегиранд.
Нисбати онхо парвандахои чинояти бо моддахои суикасд ба диверсия ва амали террористи огоз намуда шудаанд. Ба онхо то 20 соли зиндон тахдид мекунад. ХФБ аз хатархои чалбкуни тавассути паемрасонхо огох мекунад ва шахрвандонро даъват мекунад, ки хушёр бошанд.
Аксхо: Global Look Press