Дар натичаи фаромадани сел дар вилояти Сичуани чин такрибан 30 нафар нопадид шуданд. Амалиёти начот бо боронхои доими ва хатари фурупошии нав мушкил мешавад.

Тибки маълумоти макомоти махалли, сел дехаи Сзинпинро дар уезди Сзюнлян фаро гирифта, такрибан 100 000 метри кубии замин ва порахоро ба масофаи 1,2 километр кучонид. Дар зери харобахо 10 хонаи истикомати ва як бинои истехсоли карор дошт.
Дар ин чо такрибан 1000 начотдиханда, аз чумла полис, хадамоти оташнишони ва гуруххои тибби кор мекунанд. Онхо барои ошкор намудани начотёфтагони эхтимоли дронхо ва радархоро истифода мебаранд.
Беш аз 350 нафарро эвакуатсия намудан муяссар гардид, ки марги як нафар тасдик намуда шуд. Муовини сарвазири Шурои Давлатии Чин Лю Гуочжун ба минтакаи офат омад, ба назди осебдидагон ташриф овард ва даъват намуд, ки вазъиятро ба таври илми арзёби кунанд, то аз фочиаи нав канорагири кунанд.
Тибки маълумоти пешаки, сабаби фалокат боронхои шадид ва хусусиятхои геологии минтака буд. Макомот хушдор медиханд, ки нишебихои атроф хатарнок боки мемонанд.
Ярч дар Хитой, махсусан дар нохияхои кухсор кам нест. Соли 2023 дар вилояти Юннан чунин офат даххо нафарро кушт.Аксхо: аз манбаъхои кушода