МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Каллобони кибери дар Русия ба сатхи нав баромаданд – холо онхо ба шахрвандон аз номи БДА мактубхои калбаки мефиристанд. Дар ин бора дар идораи мубориза бо чиноятхои киберии ВКД хушдор дода шуд.

Ба чабрдида паёми электрони ё паёмнависи бо ибораи дахшатовар меояд: “Шумо КХР-ро вайрон намудед. Фармонро санчед ва чаримаро то санаи 01.08 пардохт кунед.” Ба нома хуччати калбакии КХР хамрох намуда мешавад, ки хамчун хуччати расми тартиб дода шудааст.
“Хамлагарон номхои вокеи, ракамхои мошин ва дигар маълумоти шахсиро истифода мебаранд, то мактуб боэътимод ба назар расад” гуфт ВКД.
Дар мактуб инчунин тугмаи “холо пардохт кунед” мавчуд аст. Бо пахш намудани он, шахс ё ба сайти калбаки, ки худро хамчун давлати ё бонки пинхон мекунад, ё ба манбаи сироятёфтаи вирусхо ворид мешавад.
Дар холати аввал, каллобон маълумоти корти бонки ва рамзхои тасдикро медузданд. Дар холати дуюм ба тамоми дастгох дастраси пайдо мекунанд: паролхо, барномахои бонки, мессенчерхо ва хатто камера бо микрофон.
ВКД хотиррасон мекунад: чаримахои вокеи танхо тавассути Хадамоти Давлати ё барномахои расми меоянд.
Аз аввали солхои 2020-ум дар Русия шумораи хамлахои кибери бо истифода аз фишинг паёмхои калбаки, ки хидматхои давлати ё бонкиро нусхабардори мекунанд, ба таври назаррас афзоиш ёфт. Максад дастраси ба маълумоти шахси ва пули шахрвандон бо рохи фиреб аст.
Аксхо: avtoexperts.ru