Мутахассисони Маркази омузиши пиряххои академияи миллии илмхои Точикистон дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмию тадкикоти гузарониданд, хабар доданд дар Марказ.
Ин аввалин экспедитсияи илми-тахкикоти дар ин пирях буд. Дар чараёни корхо дар сохаи забони пирях истгохи автоматии метеорологи, ки барои шароити мураккаби кухи тахия шудааст, насб намуда шуд. Хамзамон, барои таъсиси пойгохи илми-истехсоли китъаи мувофик интихоб намуда шуд ва инчунин хусусиятхои геологи ва гидрологии ин минтака омухта шуданд.

Дар доираи омузиши шароити ташаккули кулхои яхбанди ва равандхои вайроншавии пиряххо харитахои муфассали онхо тартиб дода шуданд ва инчунин кулхои пайдоиши яхбанди зери назорат гирифта шуданд. Намунахои ях, барф ва обхои обшуда барои тахкикоти минбаъда ба лабораторияи изотопии Марказ оварда шуданд.
Чумхурии Точикистон тахти рохбарии Президент Эмомали Рахмон дар пешбурди рузномаи чахонии об сахми назаррас мегузорад. Бо ташаббуси Точикистон Ассамблеяи Генералии СММ соли 2025 — ро соли Байналмилалии хифзи пиряххо ва солхои 2025-2034- ро «Дахсолаи амалхо оид ба дастгирии илмхои глятсиологи» эълон намуд.

Дар Конфронси 29-уми чонибхои конвенсияи Чахорчубаи СММ оид ба тагйирёбии иклим дар шахри Боку суханрони намуда, Президенти Точикистон пешниход намуд, ки тахти сарпарастии созмони умумичахонии обу хаво ва дар хамкори бо шарикони байналмилали дар шахри Душанбе маркази хамохангсозии Минтакавии глятсиологияро барои омузиши таъсири тагйирёбии иклим ба пиряххои минтака таъсис диханд.
Дар натича, экспедитсия на танхо барои тахкикоти минбаъдаи пиряхи Зарафшон замина гузошт, балки ба рушди хамкории байналмилали ва пешбурди илмхои глятсиологи мусоидат намуд.
Аксхо: маркази омузиши пиряххои академияи миллии илмхои Точикистон