22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Чорабинии марказии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун анъана ҳафтаи сатҳи баланд хоҳад буд, ки аз 24 то 30 сентябр бо танаффус рӯзи 29 сентябр сурат мегирад. Интизор меравад, ки даҳҳо вазирон ва раҳбарони иёлот ширкат кунанд.
Тибқи барномаи СММ, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар “Ҳамоиши оянда”, ки дар остонаи ҳафтаи сатҳи баланд, рӯзи 22 сентябр дар қароргоҳи СММ ифтитоҳ мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар натиҷа, тавре созмондиҳандагон интизор доранд, як қатор санадҳо, аз ҷумла «Паймон барои оянда», ки бояд ӯҳдадориҳои дастаҷамъии кишварҳоро оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба инъикос кунанд, «Созмони ҷаҳонии рақамӣ» ва «Эъломия дар бораи наслҳои оянда».
Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон