Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихалқии вакилони Чин Чжао Лэцзи мулоқот анҷом доданд. Ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат роҳбарият ва мардуми Чинро ба муносибати 80-солагии пирӯзии мардуми Чин дар Ҷанги зидди милитаризми Япония ва Ҷанги умумиҷаҳонии зиддифашистӣ табрик гуфта, баргузории муваффақонаи тантанаву чорабиниҳоро зикр карданд.
Раиси Парламенти Чин Чжао Лэцзи, зимни баланд арзёбӣ намудани сатҳи муносибатҳои ду кишвар, таъкид намуд: «Чин ҳамеша дӯсти боэътимод ва шарики содиқи Тоҷикистон хоҳад буд».
Ба навбати худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Чин барои Тоҷикистон ҳамсояи нек, дӯсти боэътимод ва шарики стратегии устувор мебошад.
Дар мулоқот рушди зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:
- муколамаи доимии сиёсӣ;
- ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ;
- робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҷамъиятӣ.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика дар чорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» равона гардид.
Таъкид шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи Чин фаъолият доранд. Ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои саноат, кишоварзӣ ва густариши содироти маҳсулоти аграрии Тоҷикистон ба Чинро зарур донистанд.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, навовариҳо ва рақамисозии иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон ба омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши робитаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амният мубодилаи афкор намуда, пуштибонии пайвастаи Чинро аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавии Тоҷикистон қайд карданд.
Дар поёни рӯз дар бинои Маҷлиси умумихалқии вакилони Чин ба ифтихори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо иштироки Чжао Лэцзи зиёфати расмӣ баргузор гардид.
АКС: Хадамот матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон