Эмомали Рахмон барои иштирок дар конфронси иклими СММ ба Боку омад
Санаи 11 ноябр Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон аз Шохигарии Арабистони Сауди барои иштирок дар Конфронси 29-уми Тарафхои конвенсияи Чахорчубаи Созмони Милали Муттахид оид ба тагйирёбии иклим ба Чумхурии Озарбойчон сафар намуд.

Дар ин сафар Президентро Вазири корхои хоричи, Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои робитахои хоричи, Вазири энергетика ва захирахои об, раисони кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати, Кумитаи хифзи мухити зист ва дигар шахсони расми хамрохи мекунанд.
Аксхо: хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон