Санаи 2 март Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар интихоботи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва мачлисхои махаллии вакилони халк иштирок намуд.
Сарвари давлат ба участкаи интихоботии №15 дар хавзаи интихоботии №23 нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе ташриф оварда, дар он чо барои номзадхо ва хизби сиёси овоз дод.

Эмомали Рахмон бо хамрохии нозирони байналмилали, намояндагони хизбхои сиёси, инчунин расонахои ватани ва хоричи ба участкаи интихоботи омад. Тибки талаботи конунгузори, Президент вазифаи шахрвандии худро ичро намуда, ба номзадхое овоз дод, ки ба назари у метавонанд дар рушди Точикистон сахм гузоранд.
Дар хамон участкаи интихоботи Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали овоз доданд.
Тавре нозирон кайд мекунанд, интихобот дар тамоми минтакахои кишвар дар фазои ороми, суботи сиёси ва ичтимои баргузор гардид. Шахрвандон озодона иродаи худро баён намуда, ба номзадхо ва хизбхое овоз доданд, ки ба назари онхо кодиранд манфиатхои онхоро дар сатхи милли ва махалли намояндаги кунанд.
Интихоботи вакилони Мачлиси намояндагон ва мачлисхои махаллии вакилони халк мархилаи мухим дар тахкими ниходхои демократии Точикистон мебошад. Онхо ба шахрвандон имконият медиханд, ки дар хаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок кунанд ва ба ояндаи он таъсир расонанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон