Энергияи Офтоб дар Точикистон: 1% территория метавонад дар як сол 5 млрд кВт/соат таъмин намояд – ИА Караван Инфо
Энергияи Офтоб дар Точикистон: 1% территория метавонад дар як сол 5 млрд кВт/соат таъмин намояд

Точикистон барои рушди энергетикаи офтоби имкониятхои бузург дорад. Тибки хисобу китоби олимони Академияи илмхои чумхури, агар хамаги 1% худуди кишвар бо панелхои офтоби фаро гирифта шаванд, кувваи барки истехсоли онхо дар як сол метавонад ба 5 миллиард кВт/соат расонад.

Точикистон яке аз кишвархои офтоби дар минтака аст. Шиддати радиатсияи офтоби дар ин чо 1000 волт дар як метри мураббаъ буда, шумораи рузхои офтоби дар як сол вобаста ба минтака аз 280 то 330 фарк мекунад. Ин барои истифодаи энергияи офтоб шароити мусоид фарохам меорад.

Олимон хисоб намуда баромаданд, ки дар бинохои истикомати, мактабхо, муассисахои тибби, инчунин иншоотхои маданиятиву варзиши гузоштани батареяхои офтоби ва обгармкунакхо имкон медихад, ки Точикистон то 20 фоизи эхтиёчоти электрикиро таъмин намояд. Ин як кадами мухим дар рохи истиклолияти энергетики ва рушди устувор мебошад.

Дар стратегияи рушди иктисоди сабзи Точикистон, ки дар сатхи давлати кабул шудааст, пешбини мекунад, ки то соли 2030 хачми иктидорхои тавлиди неруи сабзи алтернативи дар кишвар бояд на камтар аз 1000 мегаватт бошад. Ин на танхо офтоб, балки дигар намудхои энергияи баркароршаванда, аз кабили неруи оби ва шамолро низ дар бар мегирад.

Сарфи назар аз иктидори азим, рушди энергияи офтоби дар Точикистон бо як катор мушкилот, аз чумла харочоти гарони ибтидои барои насби панелхои офтоби ва зарурати рушди инфрасохтори нигохдори ва таксими энергия рубару аст. Аммо бо дастгирии давлат ва шарикони байналмиллали ин монеахоро метавон бартараф намуд.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: