Душанбе, 31 июл, АИ «Караван Инфо». Ширкати миллии рохи охани Эрон (RAJA) омода намудани хатсайрхои нави рохи оханро эълон намуд, ки Эронро бо шахрхои калидии Осиёи Маркази, аз чумла Марв дар Туркманистон ва Душанбе дар Точикистон мепайвандад, – гуфт рохбари генералии ширкат Чаббор Али Закери.
Ба гуфтаи Чаббар Али Закери, хатсайрхои нав як кисми стратегияи шухратпарасти Эрон барои навсозии шабакаи наклиёти ва тахкими робитахои иктисоди ва фарханги бо кишвархои хамсоя хоханд буд.

Пас аз панч соли танаффус мо хатсайри Техрон – Ван (Туркия) – ро аз сар гирифтем. Дар айни замон омодаги ба огози алокаи рохи охан бо Марв ва Душанбе идома дорад”, — кайд намуд Закери.
Санаи дакики огози харакати каторхо дар ин самтхо хануз эълон нашудааст.
Гайр аз Осиёи Маркази, ширкат накша дорад, ки ду хатсайри навро, ки Эронро бо Туркия ва Афгонистон мепайвандад, кушояд. Масири аввали Техрон — Анкара дар ду мохи оянда огоз мешавад ва масири дуюм, Техрон-Хирот, то охири мохи оянда ба кор шуруъ мекунад.
Ин самтхои рохи охан имкониятхои интиколи мусофирон ва борхоро васеъ мекунанд ва инчунин ба татбики лоихахои стратеги дар савдо ва сармоягузори мусоидат мекунанд.
Директори генералии RAJA таъкид намуд, ки шабакаи рохи охани Эрон дорои мероси бойи таърихию фарханги мебошад ва рушди каторхои сайехи метавонад манбаи даромади назаррас гардад ва дар сохаи мехмоннавози чойхои нави кори таъсис дихад.
Дар баробари густариши шабакаи роххо, Эрон бо зарурати навсозии хайати харакаткунанда ру ба ру шуд. Хар сол дар кишвар аз 150 то 300 километр роххои нав сохта мешаванд, аммо барои пурра кор намудани шабака навсозии вагонхо ва локомотивхо талаб намуда мешавад.
Соли 2025 ба Эрон 300 вагони нави мусофирбари ворид мешавад. Инчунин бо Чин барои таъмини хайати иловагии харакаткунанда шартнома ба имзо расидааст.
Имруз байни Точикистон ва Эрон алокаи мустакими хавои амал мекунад. Ширкатхои Хавопаймоии “Сомон эйр” ва Varesh Airline ба Техрон парвозхои мунтазам анчом медиханд ва ширкати хавопаймоии Эрон низ аз Машхад ва Душанбе парвоз мекунад.
Аксхо: аз сайт vista.ir