Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Эсхата Банк» ва Бонки рушди Осиё (АБР) созишномаи қарзи мустақим ба имзо расонданд, ки барои дастгирии корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сабз ва устувор дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ин аввалин ҳодисаест, ки Бонки рушди Осиё ба бонки тоҷикӣ қарзи мустақим пешниҳод мекунад, ки сатҳи баланди эътимод ба «Эсхата Бонк» ва мавқеи пешсафии он дар бозорро нишон медиҳад.
«Барои мо шарафи бузург аст, ки аввалин муассисаи молиявӣ дар Тоҷикистон ҳастем, ки қарзи мустақим аз АБР мегирад. Ин рӯйдоди рамзӣ барои дастгирии корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳибкорӣ ва рушди молиягузории сабз имкониятҳои нав мекушояд ва мавқеи «Эсхата Бонк»-ро ҳамчун пешсафи ҳалли молиявии инноватсионӣ тақвият медиҳад», — таъкид кард Акмалҷон Сайфиддинов, Раиси Шӯрои директорони «Эсхата Банк».
Бонки рушди Осиё (АБР) ба бонк қарзро бо асъори миллӣ ба миқдори баробар ба 10 миллион доллари ИМА пешниҳод мекунад. Ин маблағҳо барои дастгирии соҳибкорон, ки технологияҳои экологӣ ва сарфакоронаи энергияро ҷорӣ мекунанд, ва ҳамчунин лоиҳаҳо, ки ба кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва рушди иқтисоди устувор мусоидат менамоянд, равона хоҳанд шуд.
«Мо хурсандем, ки марҳалаи нави ҳамкории стратегӣ бо «Эсхата Бонк» оғоз мешавад. Қарзи мустақим имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба молия барои корхонаҳо васеъ гардад ва барои рушди ташаббусҳои сабз дар Тоҷикистон таҳрик ва стимул муҳайё созад», — таъкид намуд Ко Сакамото, роҳбари офиси Бонки рушди Осиё дар Душанбе.
«Эсхата Бонк» нақши худро дар рушди устувор ва молиягузории инноватсионӣ тақвият медиҳад, ҳалли замонавӣ барои соҳибкорон дар тамоми кишвар пешниҳод менамояд ва лоиҳаҳое дастгирӣ мекунад, ки барои минтақа фоидаҳои иқтисодӣ ва экологӣ эҷод менамоянд.
АКС: Эсхата Бонк
