Эътибори омузгор тахти химояи конун: хукумати Точикистон лоихаи конунро “Дар бораи макоми омузгор” тасдик намуд – ИА Караван Инфо
Эътибори омузгор тахти химояи конун: хукумати Точикистон лоихаи конунро "Дар бораи макоми омузгор" тасдик намуд

Душанбе, 03 август, АИ «Караван инфо». Дар Точикистон конуни нав “Дар бораи макоми омузгор” тасдик намуда мешавад, ки ба баланд бардоштани накш ва эътибори омузгор дар чомеа нигаронида шудааст. Лоихаи хуччат 31 июл дар чаласаи хукумат тасдик намуда шуд ва ба баррасии парлумон фиристода шуд.

Кабули конунро президент Эмомали Рахмон огоз намуда, мохи сентябри соли гузашта ба муносибати рузи дониш суханрони намуд. Сипас у таъкид намуд, ки макоми пасти омузгор дар чомеа боиси нигаронии чидди аст.

“Эхтиром ба муаллим – эхтиром ба ояндаи миллат аст”, – изхор дошт он замон сарвари давлат.

Тавре, ки вазири маориф ва илм Рахим Саидзода кайд намуд, яке аз чанбахои калидии конун фарохам овардани шароитест, ки дар он муаллим метавонад танхо ба фаъолияти омузгори бидуни мурочиат ба корхои иловаги тамаркуз кунад.

“Хеч кас хак надорад, ки дарси омузгорро катъ кунад — хатто вазир”, — илова намуд у ва ахамияти эхтиром ба кори муаллимро таъкид намуд.

Чунин конунхо аллакай дар кишвархои хамсоя — Казокистон, Киргизистон ва Узбекистон амал мекунанд.

Дар Точикистон тахияи хуччат дар давоми шаш мохи охир бо супориши президент сурат гирифт.

То хол саволи кушода боки мондааст, ки оё конуни нав ба баланд бардоштани эътибори вокеи ва вазъи моддии омузгорон мусоидат мекунад ё расмият боки мемонад.

АКСХО: Asia-Plus

error: