Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Сиёсати сулҳоваронаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди эътирофи баландтарини байналмилалӣ қарор гирифт. 21 декабри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд — ҷоизае, ки саҳми барҷастаи сарони давлатҳоро дар таҳкими сулҳ, амният ва ҳамсоягии нек таҷассум мекунад.

Маросими тантанавии супоридани ҷоиза дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Н. А. Римский-Корсаков баргузор гардид. Дар ин рӯз ҳамчунин сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ бо ин ҷоизаи бонуфуз қадрдонӣ шуданд. Ҷоиза дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақдим гардид.
Ин қадрдонӣ идомаи мантиқии равандҳои сиёсие гардид, ки солҳои охир фазои муносибатҳои байнидавлатиро дар минтақа ба таври куллӣ тағйир доданд. Яке аз рӯйдодҳои калидӣ дар ин самт имзои Созишномаи таърихӣ оид ба марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ мебошад, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид.

Ин санадҳо масъалаҳои марзии бисёрсоларо байни се давлати ҳамсоя ба таври ниҳоӣ ҳал намуда, заминаи боэътимодро барои марҳалаи нави ҳамкории минтақавӣ фароҳам оварданд. Танзими масъалаҳои марзӣ на танҳо дастоварди муҳими дипломатӣ, балки иқдоми стратегӣ дар роҳи таъмини амнияти дарозмуддат, рушди устувор ва таҳкими эътимоди мутақобил дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд, рамзи эътирофи сиёсати пайгиронаи ӯ дар самти муколама, эҳтироми мутақобил ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои мураккаби минтақавӣ мебошад. Ба андешаи коршиносон, маҳз ҳамин равиш имкон дод, ки Осиёи Марказӣ аз минтақаи хавфҳои эҳтимолӣ ба фазои субот ва ҳамкории созанда табдил ёбад.
Созишномаҳои таърихии соли 2025 имрӯз аллакай ба таҳкими амният, рушди устувор ва болоравии нуфузи байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, нақши онро ҳамчун субъекти мустақил ва масъули муносибатҳои байналмилалӣ тақвият мебахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
